Қарор аст рӯзи 2-юми ноябр Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раиси ҷумҳури Туркманистон ҷиҳати анҷом додани сафарӣ расмӣ, вориди Душанбе шавад. Тибқи иттилои расмӣ, дар назар аст Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов дар ин сафар бо ҳамтои тоҷики худ Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мақомоти баландпояи Тоҷикистон мулоқоту гуфтугӯ намуда ва масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кунанд.
Раиси ҷумҳури Туркманистон бори охир дар моҳи май соли 2014 ба Душанбе ташриф оварда буд. Дар 9 соли раҳбарияш Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов бори чаҳорум хоҳад буд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар 22 соли ахир миёни ин ду кишвар беш аз 50 созишномаи ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф имзо шуда, ҳаҷми табодули молу коло байни ду кишвар дар соли гузашта 93 миллион долларро ташкил додааст, ки аз он 92 миллионаш воридоти мол аз Туркманистон ба Тоҷикистон будааст. Тоҷикистон аз Туркманистон дар бештари мавориди гази моеъ ворид мекунад.
Таҳлилгарон мегӯянд, дар Осиёи Марказӣ Туркманистон барои Тоҷикистон аз аҳамияти зиёде бархӯрдор аст. Нуктаи таъинкунанда барои равобити миёни Душанбе ва Ишқобод ин аст, ки ҳар гуна ҳамкориҳои иқтисодӣ ба шароити хоси сиёсӣ вобаста нест. Яъне ба фарқ аз кишварҳои хориҷии дуру наздик Туркманистон барои анҷоми тарҳҳои иқтисодӣ, аз ҷумла тарҳҳои марбут ба ниёзҳои рӯзи Тоҷикистон назири энержӣ, сӯхт, бунёди роҳҳову масирҳо шартҳои сиёсӣ намегузорад.