Трамп дастур дод, ки хориҷиҳо "бисёр дақиқ" тафтиш шаванд

Сайфулло Саипов - гумонбари ҳамлаи Нью Йорк. Акс аз хабаргузории Reuters. 31 октябри соли 2017

Раиси ҷумҳури ИМА Доналд Трамп ба думболи ҳамлаи рӯзи 31 октябр дар Ню Йорк, ба вазорати умури дохилӣ дастур дод, ки тафтиши бе ин ҳам шадиди вуруди хориҷиҳо ба Амрикоро боз ҳам шадидтар кунад.

"Мувозинати сиёсӣ хуб аст - аммо на дар чунин мавридҳо!"- навишт Трамп дар твиттер, чанд соат баъди он ки мошини боркаш гурӯҳи одамонро дар маркази Манҳеттен пахш кард. Дар ин ҳодиса 8 нафар кушта ва беш аз 10 тани дигар захм бардошт.

Мошинро Сайфулло Саипови 29 сола идора мекард. Ӯ боздошт шудааст. Биноба маълумоти пешакӣ, Саипов чанд сол пеш аз Узбакистон ба ИМА рафт ва дар шаҳри Патерсони Ню-Ҷерсӣ зиндагӣ мекард. Саипов мошини боркашро аз ҳамон ҷо ба иҷора гирифт ва бо истифода аз он амали террористӣ анҷом дод.

Дар мошини Саипов коғазе ёфт шуд, ки дар он ӯ садоқаташро ба гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ" баён кардааст. Ҳодисаро Бюрои федеролии тафтишот - ФБР таҳқиқ мекунад.