Дар 2 сол 42 ташкилоти қарзӣ ва бонкҳо дар Тоҷикистон муфлис шуданд

Давоми ду соли ахир 42 бонк ва ташкилотҳои қарзӣ дар Тоҷикистон муфлис шуда, аз бозори бонкӣ берун шудаанд. Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон бо пахши иттилоияе хабар дод. Ба иттилои масъулини Бонки миллӣ, танҳо дар як соли ахир фаъолияти ду бонк ва 14 ташкилотҳои хурди қарзӣ қатъ шудаанд. Низоми бонкии Тоҷикистон ба гуфтаи масъулини БМТ ҳамакнун дар натиҷаи ислоҳот аз миқдор ба сифат гузаштааст.

“Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолият ва боварию эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, ислоҳоти сохторӣ ва солимгардониро амалӣ намуда, барои таъмини устувории низоми бонкӣ ва ҷалби сармояи иловагӣ, талаботи ҳадди ақали сармоя барои бонкҳои навтаъсис аз 50 млн. сомонӣ ба 80 млн. сомонӣ зиёд карда шуд,”-афзуд манбаъ.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз дар кишвар 95 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 17 бонк, 33 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 11 ташкилоти қарзии хурд ва 34 фонди қарзии хурд фаъолият доранд. Мавриди зикр аст, ки дар се соли охир низоми бонкдории кишвар дучори бӯҳрони ҷиддии молӣ шуда, ду бонк - "Фононбонк" ва "Тоҷпромбонк" пурра касод шудаанд. Аксар бонкҳои кишвар азҷумла “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” дар пардохти маблағи муштариён мушкил доранд.