Пучдемон ба интихобот розӣ шуд ва аз паноҳандагӣ даст кашид

Рабҳари ҳукумати Каталония Карлес Пучдемон

Раҳбари барканоршудаи Каталония - Чарлес Пучдемон рӯзи сешанбе гуфт, ки ба интихоботи ғайринавбатӣ розӣ аст ва аз Белгия паноҳҳгоҳи сиёсӣ намепурсад. Дар ин бора ӯ дар нишасти матбуотиаш дар Брюссел хабар дод. Пучдемонро Мадрид баъди эълони истиқлолияти Каталония аз мақомаш барканор кард ва ӯ ба Белгия рафт.

Раҳбари пешини Каталония мегӯяд, ҳадаф надошт аз додгоҳ фирор кунад, дар ҳоле ки Додситони Испания машварат додааст, ки ӯ бо ҷурми "балвогарӣ" мурофиа шавад. Пучдемон нагуфт, ки чанд муддат дар Белгия мемонад, аммо афзӯд, ки баробари дарёфти кафолати мақомоти Испания, ба кишвар бармегардад.

Рӯзи сешанбе Додгоҳи Конститусионии Испания истиқлолияти Каталонияро, ки порлумони минтақавӣ рӯзи ҷумъаи гузашта эълон карда буд, лағв кард, - навиштааст хабаргузории Reuters бо такя бо сухангӯи додгоҳ. Як соат баъд аз эълони истиқлолият, ҳукумати Испания порлумони Каталонияро пароканда, мақомоти онро барканор ва рӯзи интихоботи ғайринавбатиро эълон кард.