Толибони афғон мегӯянд, профессори амрикоӣ, ки соли гузашта дар Кобул рабуда шуд, шадидан бемор аст ва ба ёрии оҷили тиббӣ ниёз дорад.
Кевин Кинг, яке аз ду профессори Донишгоҳи Амрикоии Афғонистон, моҳи августи соли 2016 бо таҳдиди силоҳ, дар наздикии хоҳбгоҳи донишгоҳ рабуд шуданд. Гаравгони дигар Тимотӣ Уикси австралиягӣ аст.
Сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфт, ки Кинги 60-сола аз бемории қалб ва гурда азият мекашад.
"Бемориаш шадид шудааст, пойҳояш варам кардаанд, ӯ баъзан аз ҳуш меравад ва ҳолаташ рӯз ба рӯз бадтар мешавад"- гуфт Муҷоҳид рӯзи 29 октябр дар як изҳорот.
"Мо талош кардем ӯро табобат кунем, аммо пойгоҳи тиббӣ надорем, чун дар шароити ҷанг ҳастем",- афзӯд сухагӯи Толибон.
Департаменти Давлатии Амрико ба раҳоии оҷилу бидуни шарти Кевин Кинг ва гаравгонҳои дигар даъват кард.
Гуфта мешавад, ки профессерҳоро шабакаи террористии "Ҳаққонӣ"- шарики покистонии Толибони афғон гаравон гирифт.
Моҳи июн Толибон навореро пахш карданд, ки дар он Кинг ва Уикс аз Вашингтон даъват мекарданд, ки барои раҳоии онҳо бо ин гурӯҳ музокира кунад.
Навор дар ҳоле пахш шуд, ки мақомоти Афғонистон мехостанд гурӯҳи ҷангиёни Толибон, бо шумули Анас Ҳаққонӣ- писари Ҷалолиддин Ҳаққонӣ, бунёдгузори ин шабакаи террористиро эъдом кунанд.