Ширкати ҳавоии “Сомон Эйр” субҳи 31-уми октябр ба парвози фаннӣ дар масири Душанбе-Сеул иқдом кард. Ба гуфтаи масъулони ин ширкат, ки дохили ҳавопаймо буданд, дар ин парвоз раҳбарони вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати “Сомон Эйр” қарор доранд. Интизор меравад ин ҳайат дар пойтахти Кореяи Ҷанубӣ мавзӯи оғози парвозҳои доимӣ дар ин масирро баррасӣ кунанд. Манобеъ афзуданд, ки оғози парвозҳои миёни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ бар пояи тавофуқоти мақомоти ду кишвар барои роҳандозии парвозҳои доимӣ миёни Душанбе ва Сеул роҳандозӣ мешавад.
Коршиносон умедворанд, ки Корея дар оянда метавонад ба кишвари мизбони муҳоҷирони кории тоҷик табдил ёбад. Мақомоти тоҷик бар ин назаранд, ки барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва фанновариҳои ҷадид ба иқтисоди Тоҷикистон, ифтитоҳи масири ҳавоӣ бо Кореяи Ҷанубӣ метавонад мусоидат кунад.
Дар ҳамин ҳол, масъулони маркази матбуотии ширкати “Сомон Эйр” 31 октябр ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки шоми гузашта маросими расмии оғози парвозҳо миёни фурудгоҳи Внуковои вилояти Москва ва шаҳри Кӯлоб баргузор шудааст. Ҳамакнун қарор аст ҳафтае се маротиба дар ин масир ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр” машғули интиқоли мусофирон шавад. Шаби гузашта аз Москва ба Кӯлоб бо ин ҳавопаймо ҳудуди 180 нафар парвоз кардаанд.