Фармондеҳии нерӯҳои ҳавоии Украина аз талоши ғасби худсаронаи фурудгоҳи омӯзишии Одесса хабар дод.
Ба иттилои ин ниҳод, 40 фарди ниқобпӯш субҳи 29 октябр бахше аз девори қисми низомии А3571-ро тахриб карданд ва дороии онро ба самти номаълум бурдаанд.
Ин ниҳод хабар медиҳад, ки мардони ниқобпӯш худро корманди маркази тиҷорӣ ва тафреҳии "CITI Center" муаррифӣ кардаанд.
Фармондеҳии нерӯҳои Украина ҳамчунин аз эҳтимоли ташкили иғво дар наздикии қисми низомӣ хабар дод. Ҷузъиёти дигари ҳодиса расонаӣ нашудааст.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон тахмин мезананд, ин ҳодиса мумкин аст, ба он рабт дошта бошад, ки шӯрои шаҳрии Одесса заминҳои марбути фурудгоҳро ба ихтиёри шахсони воқеӣ додааст.