Оғози даври навбатии гуфтугӯи сулҳи Сурия дар Остона

Музокироти сулҳи Сурия дар Остона

30 октябр дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон даври навбатии гуфтугӯи сулҳи Сурия оғоз мешавад. Ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон, тамоми ҷонибҳо, бо шумули намояндагони ҳукумат ва мухолифони мусаллаҳи Сурия иштироки худро дар гуфтугӯ таъйид кардаанд.

“Мулоқот ба ҳифзи созишҳои ахир дар робита ба тақвияти низоми оташбас дар Сурия ва афзоиши талошҳо барои устувор гардонидани вазъи ин кишвар дар марҳилаи гузариш ба ҳалли сиёсии буҳрон бахшида мешавад”, - омадааст дар иттилоияи ВКХ Қазоқистон. Ҷаласаи умумӣ 31 октябр баргузор хоҳад шуд.

Ба иттилои расонаҳо, ҳайати мухолифони мусаллаҳи Сурияро дар гуфтугӯи навбатӣ сардори ситоди кулли “Артиши озоди Сурия” Аҳмад Беррӣ раҳбарӣ хоҳад кард. Бино ба баъзе хабарҳо, ба ҳайати кишварҳои нозир, Чин ва баъзеи кишварҳои арабӣ низ шомил хоҳанд шуд.

Ширкатдорони даври гузаштаи гуфтугӯҳои сулҳи Сурия дар Остона 14-15 сентябр дар бораи ташкили минтақаи амн дар вилояти Идлиби Сурия ба созиш расиданд. Мухолифони Сурия он замон гуфтанд, ширкати Эронро ба ҳайси кишвари кафил дар ташкили минтақаи амн қабул надоранд.

Русия, Туркия ва Эрон ба ҳайси кишварҳои кафил дар гуфтугӯҳои сулҳи Сурия дар Остона баромад мекунанд. Русияву Эрон дар ҷанги шашсолаи шаҳрвандии Сурия, ки 330 кушта бар ҷой гузошт, аз ҳукумати президент Башор Асад пуштибонӣ мекунанд. Туркия ва Иёлоти Муттаҳида аз гуруҳҳои мухталифи шӯришгар ҳимоят мекунанд.