Ҷамолиддин Нуралиев хостори тиҷорати озод дар байни кишварҳои Осиёи Миёна шуд.
Ҷамолиддин Нуралиев, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфтааст, ҷорӣ шудани низоми тиҷорати озод дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ ба суди кишварҳои минтақа ва Тоҷикистон хоҳад буд. Нуралиев ин нуктаро дар як дидор бо намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян Петер, ҳамоҳангсози барномаҳои бонк дар Осиёи Марказӣ Саша Ҷумен ва дигар масъулони ин бонк баён кардааст.
Дар ин дидор, ки рӯзи 26-уми октябр дар Душанбе доир шудааст, намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ба масъулони Бонки миллӣ гузориши нави хеш бо номи “Тоҷикистон - дар дуроҳаи рукуд ва рушди фарогир”-ро муаррифӣ кардаанд.
Матни ин гузориш дастрас нест ва танҳо дафтари матбуоти Бонки миллӣ мегӯяд, дар ин муаррифӣ нишондиҳандаҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон, коҳиш ёфтани диверсификатсия ва рушди бахши хусусӣ, муътадилии ноустувор миёни буҳрон ва рушд, баён карда шуд.
Дар поёни ин муаррифӣ миёни намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки миллӣ табодули афкор сурат гирифтааст ва Ҷамолиддин Нуралиев гуфтааст, барои рушди иқтисод - ҳамгироии бештар дар бозорҳои минтақа зарур аст.