Худоӣ Шариф, яке аз донишмадони барҷаста, мунаққид ва адабиётшиноси шинохтаи тоҷик имрӯз дар синни 80 -солагӣ даргузашт. Донишманди тоҷик, ки аз бемории дил ранҷ мекашид, рӯзи 29-уми октябр дар иҳотаи хонаводааш аз олам чашм пӯшидааст.
Дар ин бора шогирдони Худоӣ Шариф ба Радиои Озодӣ хабар доданд ва гуфтанд, ки қарор аст, маросими дафни ӯ рӯзи 30-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор шавад. Худоӣ Шариф 5 сол пеш дар Эрон ҷарроҳии рагҳои хунгардро паси сар кард.
Ӯ 25-уми июни соли соли 1937 дар деҳаи Ҷорфи ноҳияи Дарвози Бадахшон ба дунё омадааст. Эшон яке аз мунақққидони барҷастаи адабиёт ба шумор мерафтанд ва солҳо декани факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси бахши танқид ва адабиётшиносии Иттиҳодияи нависандагони ҷумҳурӣ буд.
Барои асарҳояш зиёди адабиётшиносиаш ҷоизаҳои зиёде соҳиб шудааст ва аз ҷумла барои китоби “Шоҳнома” ва шеъри замони Фирдавсӣ” Ҷоизаи Саъдӣ аз Ройзании фарҳангии Эронро ба даст овард. “Назмшиносӣ”, “Маънавият ва ҷаҳони зоҳирӣ”, Каломи бадеъ, Назарияи наср дар адаби форси асрҳои IV-IХ чанде аз асарҳои Худоӣ Шариф аст.