Порлумони Каталония рӯзи 27 октябр мустақилияти ин минтақа аз Испанияро эълон кард. Мухолифини ҷудошавӣ аз Испания райъдиҳиро бойкот карданд.
Истиқлолияти ин минтақа бо пуштибонии 70 овоз қабул шуд ва депутатҳои ҷудоиталаб эълони Ҷумҳурии Каталонияро бо кафкӯбӣ истиқбол карданд.
Қарор 10 райъи мухолиф гирифт ва ду барга комилан холӣ буд. Бисёр намояндагони мухолифин ҷаласаро ба нишони эътироз тарк карданд.
Пештар аз ин, нахуствазири Испания Мариано Раҳой аз Сенати кишвараш салоҳият хост, то битавонад раҳбари ҳукумати Каталония Карлес Пучдемонро аз мақомаш барканор кунад. Раҳой авзоро дар Каталония "ҳолати истисноӣ" унвон кард.
Ҳукумати марказӣ тасмим дорад, ки аз банди 155-и Қонуни асосӣ кор бигирад ва ҳукумати мустақими худро дар Каталония ҷорӣ кунад. Баъди ин, Каталония метавонад дар ним соли дигар интихоботи баргузор кунад.
Раҳбари Каталония Карлес Пучдемон баргузории интихоботи пеш аз муҳлатро рад кард. Мадрид омода буд аз ҳукми мустақим дар Каталония даст кашад, агар ҳукумати минтақа полумонро худаш пароканда кунад.
Мақомоти Каталония мегӯянд, ки назарсанҷии рӯзи 1 октябр мандати истиқлолияти ин минтақаро таъмин кардааст. Ба маълумоти раҳбарони минтақавӣ 90 дар сади райдиҳандагон тарафдори мустақилияти Каталония аз Мадрид шуданд. Мадрид назарсанҷиро ғайриқонунӣ мешуморад.