Русия дар Ниоми Саудӣ миллиардҳо доллар сармоягузорӣ мекунад. Видео

Риёз

Русия дар "шаҳри оянда"-и Ниом, ки Арабистони Саудӣ бунёд мекунад, миллиардҳо доллари амрикоӣ сармоягузорӣ хоҳад кард. Дар ин бора мудири кулли Бунёди сармояҳои Русия Кирилл Дмитриев дар ҳамоише дар шаҳри Риёз хабар дод.

Бунёди сармояҳои Русия мехоҳад, барои сармоягузорӣ дар ин тарҳ бузургтарин ширкатҳои Русияро ҷалб кунад. Сухан дар бораи миллиардҳо доллар сармоя меравад", - иқтибос овардааст ТАСС аз суханони Дмитриев.

"Шаҳри оянда"-и Ниом тарҳи минтақаи озоди иқтисодии Арабистони Саудӣ аст, ки 500 миллиард доллар буҷа дорад. Шоҳигарӣ мехоҳад, Ниомро ба бузургтарин маркази технологӣ барои Осиё ва Африқо табдил диҳад. Ин шаҳр пурра бо нирӯи офтоб ва шамол таъмин хоҳад шуд.

Тарҳи Ниом, ки муаррифиаш 24 октябр сурат гирифт, бо масоҳати 26 ҳазору 500 км кв дар соҳили баҳри Сурх, дар наздикии Шарм ал-Шайх бунёд мешавад. Ин шаҳр 468 километр ҳудуди соҳилӣ хоҳад дошт.