Додситонии Швейтсария пажӯҳиши тақрибан панҷсолаи парвандаи ҳабси дороиҳои духтари президенти пешини Узбакистон Гулнора Каримоваро базудӣ анҷом медиҳад. Гап дар бораи қариб 800 миллион доллари ИМА аст. Парванда ҳанӯз ба додгоҳ нарафтааст, аммо чанд кишвар ба ин пулҳо даъвогар шудаанд.
"Моҳи июли соли 2012 таҳқиқ нисбати шаш нафар шуруъ шуд, ки яке аз онҳо Гулнора Каримова аст. Ин афрод дар пулшӯӣ ва фасодкорӣ айбдор мешаванд. Додситонии федеролии Швейтсария ҳоло 800 миллион франк (наздики 784 ҳазор доллари ИМА)-ро дар ҳабс нигаҳ медорад", - гуфтааст маркази матбуотии додситонии Швейтсария.
Оливе Лонгшан, коршинос дар умури андозситонӣ ва амнияти молии миллӣ аз созмони мустақили "Эъломияи Берн" мегӯяд, парвандаи Гулнора Каримова яке аз печидатарин парвандаҳо дар таҷрибаи ҳуқуқшиносии байналмилалӣ аст.
"Ҳаҷми умумии дороиҳои ҳабсшуда бештар аз 1 миллиард долларро буда, ин парвандаро ҳуқуқшиносони 19 кишвар баррасӣ мекунанд. Дар ин ҳолат баҳс миёни давлатҳои даъвокар ҳатман сурат мегирад", - мегӯяд Оливе Лонгшан.
Аз ин рӯ, додситонии Швейтсария талош дорад, ки парвандаро ҳарчӣ зудтар ба додгоҳ ирсол кунад.
Расонаҳо менависанд, ки даъвогарони асосии дороиҳои Гулнора Каримова Узбакистон, ИМА ва Ҳолланд ҳастанд. Тошканд талаб дорад, ки ин пулҳо ба Узбакистон баргардонида шаванд, ки аз Тошканд дуздида шудаанд. ИМА низ ба сари ин пулҳо даъво дорад. Ба гуфтаи ҷониби ИМА, дороиҳои Гулнора бо доллари ИМА ва низоми бонкии амрикоӣ муомила шудаанд. Ҳолланд дар навбати худ мегӯяд, ин маблағҳо моли кишвари Ҳолланд аст, зеро дороиҳои Гулнора аз ҳисоби ришваҳои ширкати мобилии ҳолландӣ ҷамъ шудаанд.