Ҷоизаи Сахаров ба мухолифини Венесуэла тақдим мешавад

Ҷоизаи Сахаров

Ҷоизаи Сахаров- 2017 ба мухолифин ва зиндониёни сиёсии Венесуэла тақдим мешавад, Маросими тақдими ҷоизаҳо ба моҳи декабр дар Страсбург барномарезӣ шудааст.

Номзадии мухолифини Венесуэла ба ин ҷоизаро намояндагони ҷиноҳи рост ва марказгарои Полумони Аврупо пешниҳод карданд.

Рабари либералҳои Порлумони Аврпуо Ги Верҳовстадт гуфт, ки ин ҷоиза ба ҷумбиши озодихоҳии Венесуэла кумак мекунад ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки "ба мубориза барои озодии мардуми Венесуэла ҳамроҳ шаванд".

Порлумони Аврпуо Ҷоизаи Сахаровро соли 1988 таъсис дод ва онро ба нафароне медиҳад, ки дар мубориза барои ҳимояи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои бунёдӣ саҳм доранд.

Соли гузашта Ҷоизаи Сахаровро ҳомии ҳуқуқи инсон аз Ироқ Надия Мурод Басӣ ва Ламия Аҷи Башар барои дифоъ аз ҳуқуқи ақалиятҳои эзидӣ дарёфт карданд. Ин ҷоиза 50 ҳазор евро тӯҳфа дорад.