Трамп: Русия фишор ба Кореяи Шимолиро хунсо мекунад

Президент Трамп

Раиси ҷумҳури ИМА Доналд Трамп рӯзи 25 октябр гуфт, Русия дар роҳи талошҳои Амрико барои даст кашидани Кореяи Шимолӣ аз силоҳи ҳастаӣ монеа эҷод мекунад, дар ҳоле, ки Чин ёрии худро дареғ намедорад. Трамп дар суҳбат бо Fox Business Network гуфт, ки агар Иёлоти Муттаҳида бо Русия равобити беҳтар медошт, ҳалли мушкилоти ҳастаии Кореяи Шимолӣ низ осонтар мешуд.

Озмоишҳои ҳастаии Кореяи Шимолӣ, таҳдидҳои лафзии Трамп ва раҳбари Кореия Шимолӣ Ким Чин Ин, ташаннуҷро дар шибҳаҷазираи Корея афзоиш дод. Барои ҷилавгирӣ аз барномаҳои ҳастаии Кореяи Шимолӣ, Трамп ба Русия ва Чин фишор овард. Дар ҳоле, ки Маскав робитаҳояшро бо Пхенян ҳифз кардааст ва Чин аз шарикони муҳими тиҷоратии Кореяи Шимолӣ ба шумор меояд.

Равобити Русияву Амрико баъди ишғоли Қрими Украина аз ҷониби Русия, соли 2014, пуштибонии Маскав аз Башор Асад ва эҳтимоли дахолаташ ба умури интихоботи Амрико ба фоидаи Трамп, хароб шуд. Суҳбати ахири Трамп бо Fox дубора таваҷҷӯҳро ба даъватҳои ӯ барои беҳбуди равобит бо Русия ҷалб кард.