Мақомоти риштаи фарҳанги Тоҷикистон аз баргузории озмуни нави «Навои ваҳдат» хабар доданд, ки «ба 25-солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон» бахшида шудааст. Ташаббускорони ин озмун Вазорати фарҳанг, Иттиҳоди оҳангсозон ва Кумитаи иҷроияи ҳаракати «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» мебошанд.
Дар ин бора ба матбуот дафтари матбуоти вазорати фарҳанг хабар додааст. Дар шарҳи ҳадафҳои ин озмун вазорати фарҳанг гуфтааст, ки ҳадафи он «таблиғи дастовардҳои даврони истиқлолияти Тоҷикистон, ваҳдати миллӣ, саҳми Пешвои миллат дар бунёд ва тақвияти давлатдорӣ» мебошад. Таърихи баргузории озмун нашр намешавад.
Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон, ки 16 ноябри соли 1992 шурӯъ шуд, Эмомалӣ Раҳмоновро ба ҳайси раиси Шӯрои олӣ пазируфт ва баъди ду сол Раҳмонов барандаи интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
Бархе матбуот навиштааст, ки ҳадафи ниҳоии озмун парастиши шахсияти президент аст, ки инак 25 сол сари қудрат мебошад.