Туркия 11 ҳомии ҳуқуқро бо ҷурми "терроризм" ба додгоҳ бурд

Акс аз бойгонӣ

Мурофиаи 11 фаъоли ҳуқуқи башар, ки ба "терроризм" муттаҳам шудаанд ва дар ростои камаш 15 соли зиндон қарор доранд, рӯзи 25 октябр дар додгоҳи Истамбул оғоз шуд.

Ин фаъолон, бо шумули ду корманди аршади созмони Афви байналмилалӣ дар Туркия, ҳамчунин як шаҳрванди Олмон ва як табааи Шведсия, ба иттиҳоми "эҷоди бесуботӣ" дар ҷомеа ва узвияти "гурӯҳи мусаллаҳи тероористӣ" рӯ ба рӯ шудаанд.

Олмон қазияи додгоҳиро "комилан ғайри қобили дарк ва пуч" унвон кард.

Созмони Афви байналмилалӣ, мақараш дар Лондон мегӯяд, ки кормандонаш Идил Эсер ва Танер Қилиш бе ҳеҷ асос, танҳо барои эътиқодашон ба ҳуқуқи инсон боздошт шуданд ва чеҳраҳои шинохтаро барои озодии онҳо басиҷ кард.

Парванда дар пасманзари ин нигарониҳо боз шуд, ки Туркия таҳти раҳбарии Раҷаб Тайиб Эрдуғон то рафт ба самти худкомагӣ ҳаракат дорад.

Ба думболи табаддулоти нокоми моҳи июли соли 2016, дар Туркия вазъи фавқулодда эълон шуд ва мақомоти кишвар ангушти иттиҳомро ба сӯи Фатҳуллоҳ Гулен, рӯҳонии шинохтаи турк, ки дар Амрико басар мебарад, баланд карданд. Гулен иттиҳоми ташкили табаддулотро рад мекунад.