Нозирони роҳ дар Тошканд мошинҳои гаронарзишро дар вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ айбдор крданд. Биноба дастури пулиси роҳ чунин мошинҳо ҳабс ва ба таваққуфгоҳҳои ҷаримавӣ ирсол мешаванд. Пулиси роҳи Тошканд мегӯяд, ҳамроҳ бо кормандони Хадамоти амнияти миллӣ (ХАМ) рейд мегузаронад.
Дар натиҷаи рейдҳое, ки аз 10 октябр шуруъ шуданд, дар шаҳри Тошканд даҳҳо мошини гаронарзиш ҳабс шудааст. Ҳамаи мошинҳо ба таваққуфгоҳҳои ҷаримавӣ ирсол гардидаанд. Ронандаҳо мегӯянд, наметавонанд мошинҳояшонро аз таваққуфгоҳҳо бигиранд.
"Мо асосан ронандаҳои мошинҳои гаронарзишро "шикор" мекунем. Мошинҳоро боз дошта ва ба таваққуфгоҳ мефиристем. Вақтҳои охир дар Тошканд шумори сарватмандоне, ки ба нозирони роҳ итоат намекунанд, зиёд шудааст. Аз ҳамин хотир, бо ҳабс кардани мошинҳояшон, мо мехоҳем, онҳоро ба риоя кардани қоидаҳои роҳ водор кунем", - мегӯяд як нозири роҳ.
Ӯ меафзояд, ки дар байни ронандаҳои ҷаримашуда мансабдорони ҳукуматӣ низ ҳастанд.