Тиллерсон бо сафари ғайримунтазира ба Кобул рафт

Рекс Тиллерсон

Котиби Давлатии ИМА Рекс Тиллерсон рӯзи 23 октябр бо як сафари ғайримунтазира вориди Кобул, пойтахти Афғонистон шуд.

Сафари Тиллесон ба Афғонистон дар ҳоле ҷараён мегирад, ки ҳукумати Кобул бо пуштибонии Ғарб, баъди хуруҷи бахши умдаи неӯҳои НАТО дар соли 2014, барои саркуб кардани шӯришгарони мусаллаҳ мубориза мебаранд.

Маъмурияти президент Доналд Трамп чанде пеш стратегияи шикасти ҷангиёнро эълон кард ва мақомот гуфтанд, ки беш аз 3 ҳазор нерӯи изофии ИМА, барои ҳамоиш бо 11 ҳазор сарбози Амрико, ба ин кишвар интиқол меёбанд.

Боздид аз Афғонистон як бахши силсилаи сафарҳои Тиллерсон аст, ки то ҳол дар Арабистони Саудӣ ва Қатар анҷом шуд. Ба думболи Афғонистон ӯ ба Покистон ва Ҳиндустон меравад.