Украина рӯзи 21 октябр блогери қазоқ Жанара Аҳмадро, ки дар пайгарди пулиси байналмилалӣ ё Интерпол қарор дорад, боздошт кард. Вакили дифои блогер Владислав Гришенко гуфт, зерҳимояаш феълан дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Вишгороди вилояти Киев нигаҳдорӣ мешавад.
"Жанара Аҳмадро дар ноҳияи Киев-Святошини Украина дастгир карданд. Мақомоти Қазоқистон ӯро бар пояи банди 177 (Қаллобӣ)-и Кодекси ҷиноии ин кишвар дар пайгарди қонунӣ қарор додаанд", - афзуд вакил.
Намояндаи Пулиси миллии вилояти Киев Николай Жукович хабари боздошти блогери қазоқро тасдиқ кард. Додгоҳи ноҳиявии Киев-Святошин рӯзи 23 октябр тасмим хоҳад гирифт, ки Жанара Аҳмад то замони истирдодаш ба ватан дар ҳабс бимонад ё дар озодӣ.
Худи блогер дар Фейсбук навишт, ки мурофиаи додгоҳии рӯзи душанберо мунтазир аст ва ба дастгирии ҷомеаи маданӣ такя мекунад.
Жанара Аҳмад, ки бо навиштаҳои интиқодияш дар бораи мақомоти қазоқ маъруф аст, моҳи марти имсол бо писари 9-солааш нахуст аз Алмато ба Бишкек ва баъдан аз он ҷо ба воситаи Истамбул ба Киев парвоз кард. Ӯ гуфт, ба хотири ҳарос аз пушти панҷара рафтан Қазоқистонро тарк кард. Зеро моҳҳои ахир вай борҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, дар доираи як парвандаи ҷиноӣ низ гумонбар дониста мешуд.
Жанара Аҳмад дар Қазоқистон баъди шартан аз зиндон озод шуданаш зери назорат қарор дошт.