Панҷ раиси ҷумҳури собиқи Амрико дар як барномаи консертӣ, ки ба хотири ҷамъоварии пул ба осебдидагони тӯфонҳои ахир дар ин кишвар ташкил шуда буд, иштирок карданд.
Президентҳои собиқи демократ Барак Обама, Билл Клинтон ва Ҷимӣ Картер ва президентҳои собиқи ҷумҳурихоҳ Буши калониву хурдӣ рӯзи 21-уми октябр дар як Донишгоҳи Техас ҳузур ёфтанд. Аз соли 2013, ки он вақт Барак Обама дар қудрат буд, ин нахустин бор аст, панҷ раиси ҷумҳури собиқ гирди ҳам меоянд.
Тӯфонҳои имсола, аз ҷумла тӯфолни Ҳарвей дар Амрико боис ба ҳалокати даҳҳо нафар ва беҷошавии ҳазорҳо тани дигар гардид. Қаблан Кохи Сафед аз Конгресс хоста буд, ки ҳамчун ёрии аввалия барои ба по рост шудани осебдидагони селу тӯфон ҳудуди 8 миллиард доллар ҷудо кунад.