СММ, Амрико ва Аврупо ҳамла дар Кобулу Ғурро маҳкум карданд

Дар ду ҳамлаи ҷудогона болои намозгузорон дар масҷиди “Имоми замон”-и шаҳри Кобул ва вилояти Ғӯри Афғонистон 89 нафар кушта шуданд.

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки масҷиди “Имоми замон”, воқеъ дар ноҳияи Дашти Барчии Кобул, маҳалли намозгузории пайравони шиа ва масҷиди маркази вилояти Ғур аз сунниҳо буд. Ин ҳамлаҳо бегоҳи 20-уми октябр сурат гирифта, гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” иддао кард, ки ҳамла ба масҷиди Кобулро яке аз ҷангҷӯёнаш анҷом додааст. Масъулияти ҳамла ба масҷиди маркази вилояти Ғурро то ҳол касе ё гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.

Ҳукумати Афғонистон ин ҳамлаҳои маргборро шадидан маҳкум кард ва онро ҷинояти зиддибашарӣ ва мухолиф бо марзишҳои ислом ва қонунҳои байналмилалӣ донист. Мақомоти Вазорати умури хориҷии Амрико низ ин ҳамлаҳоро маҳкум карда гуфтанд, ИМА ба ҳимояташ аз талошҳои ҳукумату мардуми Афғонистон барои барқарории субот дар он кишвар идома хоҳад дод.

Иттиҳодияи Аврупо ҳамбастагии худро бо мардуми Афғонистон эълон кардааст. Масъулони ин Иттиҳодия гуфтанд, чунин ҳамлаҳо монеи азми дастҷамъии Афғонистон ва Аврупо барои овардани субот нахоҳад шуд.

Антонио Гуттериш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид низ ин ҳамлаҳоро маҳкум кард ва гуфт, танҳо дар як ҳафтаи ахир даҳҳо ғайринизомӣ қурбон шуданд. Дар баёнияи дабири кулли СММ гуфта шудааст, ки масъулони ин кушторҳо бояд муҷозот ва хушанутаҳо ҳарчи зудтар мутаваққиф шаванд.