Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО, гуфт, ки ҷаласаи навбатии ин паймони низомӣ тобистони соли 2018 дар коргоҳи нав дар Брюссел баргузор хоҳад шуд. Қарор аст, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, низ дар иҷлосия бо раҳбарони кишварҳои узви НАТО дидор кунад.
Столтенбург рӯзи 20-уми октябр гуфт, нишасти ояндаи НАТО робитаи миёни Аврупо ва Амрикои Шимолиро дар ҳоле тақвият хоҳад кард, ки ба қавли ӯ, НАТО ба кор рӯи танзими муҷаддади ин паймон барои қарни 21 идома хоҳад дод.
НАТО тақрибан чаҳор ҳазор нирӯи байналмилалиро дар кишварҳои Балтика ва Лаҳистон ҷо ба ҷо кардааст, то бо таҳдид дар марзҳои шарқиаш, бахусус таҳдиде ки пас аз ишғоли нимҷазираи Қрими Украина аз тарафи Русия ба вуҷуд омадааст, муқобила кунад. Русия соли 2014 ин нимҷазираро тасарруф карда ва як ҷузъи қаламраваш сохт.
Моҳи майи имсол Доналд Трамп аз раҳбарони кишварҳои узви НАТО интиқод кард, ки барои рушди паймони низомӣ ба қадри кофӣ сармоягузорӣ намекунанд. Ба дунбол моҳи июн аксари кулли аъзои Маҷлиси Амрико бо раъйи худ пойбандии Иёлоти Муттаҳидаро ба оинномаи НАТО изҳор карданд.