Ҳейлӣ дахолати Русияро дар интихоботи Амрико "ҷанг" номид

Никки Ҳейлӣ

Намояндаи доимии Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид Никки Ҳейлӣ дахолати Русияро дар интихоботи соли гузаштаи Амрико "ҷанг" номид.

Ӯ рӯзи 19-уми октябр ҳангоми суханронӣ дар як ҳамоиши Институти Ҷорҷ Буш гуфт, “агар давлат дар интихоботи кишвари дигар дахолат кунад, ин маънои ҷангро дорад”. Ба қавли Ҳейлӣ, ҳадафи амалҳои Русия дар ҷараёни интихоботи Амрико эҷоди бесарусомонӣ буд.

Президенти Иёлоти Муттаҳида Доналд Трамп ахиран назари хадамоти иктишофии Амрикоро зери суол қарор дод, ки гуфтанд, Русия соли 2016 дар интихоботи президентии ин кишвар дахолат кардааст.

Мақомоти Амрико дар бораи созиши эҳтимолии намояндагони Русия бо масъулони ситоди интихоботии Трамп дар давраи интихобот санҷиш мегузаронанд.