Як зани 28-соларо, ки дар Сурхоб қасди худкушӣ дошт, наҷот доданд

Дарёи Сурхоб

Маъмурони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон як зани 28-соларо аз қасди худкушӣ дар дарёи Сурхоб боздоштаанд. Онҳо гуфтанд, ки ин сокини ноҳияи Рашт рӯзи 19-уми октябр дар пайи муноқиша бо ҳамсараш мехост, худро ба дарё андозад.

Бино ба хабари мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, субҳи панҷшанбе ба онҳо хабар расид, ки зане дар миёни рӯдхона болои санг қарор дорад ва мехоҳад, худро ба рӯдхона ҳаво диҳад. Ӯ ба сокинон таҳдид кардааст, ки наздикаш наоянд.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода пас аз дарёфти хабар ба ҷои ҳодиса маъмурони наҷот расида, барои сӯҳбат бо зан равоншинос аз Раёсати умури дохилии Рашт ҷалб шудааст. Ба онҳо даст додааст, ки занро ором ва розӣ кунанд, то худро ба дарёи Сурхоб партофта худкушӣ накунад.

Соли гузашта чанд ҳодисаи худкушии занон бо чунин шева сабт шудааст. Аз ҷумла, Саломат Пирова, сокини 23-солаи ноҳияи Вахш, бо се тифлаш кӯшиши худкушӣ кард – модарро аз дарё саломат берун бароварданд, вале 3 фарзанди ӯ аз даст рафтанд. Аввалҳои моҳи феврали соли равон Зӯҳро Маҳмуродова, ҷавонзани 25-солаи сокини Норак худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Вахш андохт, ки дар натиҷа ҳама ба ҳалокат расиданд.

Ҳодисаи ахири худкушии модар ҳамроҳ бо тифли шашмоҳааш субҳи дуюми апрел дар ноҳияи Ваҳдат дар ҳузури шоҳидон рух дод. Мафтунаи 21-сола ба таваллои одамон гӯш надод ва худашро бо тифлаш ба рӯдхонаи Кофарниҳон андохт.