Артиши Ироқ манотиқи таҳти назари курдҳоро бозпас гирифт

Нирӯҳои давлатии ироқӣ гуфтанд, ки назорати манотиқеро дар вилоятҳои Найнаво ва Диёла, ки дар гузашта таҳти контроли курдҳо буданд, дубора ба дасти худ дароварданд. Дар як изҳороти артиш рӯзи 18 октябр гуфта шуд, ки пеш аз вуруди нирӯҳои ироқӣ ба ин минтақаҳо пешмаргаҳои курдӣ маконро тарк карданд.

Дар миёни манотиқи дубора зери назари ироқиҳо гузашта сарбанди Мосул дар шимоли Найнаво ва шаҳри Хонақини вилояти Диёла мебошанд, ки дар шимоли Бағдод ҷойгиранд. Дар аввалҳои ҳафтаи ҷорӣ сарбозони ироқӣ ва ҷангиёни вафодор ба ҳукумат шаҳри Киркук ва атрофи онро, ки макони калидии вилояти Киркук ба ҳисоб мераванд, таҳти назорати худ дароварданд. Ин амалиёт се ҳафта баъди як референдуми истиқлолхоҳии минтақаи мухтори Курдистон анҷом шуд, ки худро ҷудо ва мустақил аз давлати Ироқ ва ҳукумат дар Бағдод эълон кард.

Нахуствазири Ироқ Ҳайдари Ибодӣ гуфт, ки ин амалиёт барои ҳифзи ваҳдати Ироқ зарур аст. Дар як нишасти хабарӣ дар Бағдод рӯзи 17 октябр ӯ гуфт:

"Раъйпурсӣ тамом шуд. Ин як гапи кӯҳна буд. Дигар паёмад ҳам ндоард. Ростӣ, умедворам, ки мақомоти курд аз ин мавзӯъ фосилагирӣ мекунанд. Аз онҳо тақозо мекунем, ки тасмими худро бекор кунанд, чунки ин чиз воқеият надорад. Раъйпурсӣ тамом шуд. Дар ниҳоят, мо бояд ба иттифоқи назар даст ёбем, ки дар чаҳорчӯби конститутсияи Ироқ бошад. Таъкид мекунам, ки мо дар як сарзамин ҳастем ва ҳамкори ҳам мебошем”.

Нирӯҳои пешмарга чанд қаламравро дар ҳудуди вилоятҳои Киркук, Найнаво ва Диёла ба дасти худ дароварданд, ки давоми се соли гузашта зери назари гурӯҳи мамнӯи “Давлати Исломӣ” буданд.