Дронҳои амрикоӣ 11 узви дигари Толибонро нобуд карданд

Дар паи даври дуюми мушакҳои партобшуда тавассути ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ рӯзи 17 октябр 11 узви дигари Толибон, аз ҷумла фармондеҳони ин гурӯҳ кушта шудад. Рӯзе аз ин пеш дар марзи Афғонистону Покистон 20 ҷангии ин гурӯҳ нобуд карда шуд. Басирхон Вазир, як корманди масъули маъмурияти Хуррам - бахше аз қаламрави қабилаии таҳти контроли федеролӣ - гуфт, ки дронҳо махфигоҳҳои Толибонро ҳадаф қарор дода дар давоми ду рӯзи гузашта дар маҷмӯъ 31 нафарро кушта бар ҷой гузоштанд.

Манобеи Толибон гуфтанд, ки дар ин амалиёт 24 узви шабакаи Ҳаққонӣ дар Покистон, аз ҷумла чанд фармондеҳ кушта шуданд. Як мақоми афғон гуфт, ки дар миёни 35 узви кушташудаи Толибон як фармондеҳи Толибони Покистон бо номи Абӯбакр ҳам нобуд шуд. Хадамоти иктишофӣ гуфт, ки ҳадафи аслии амалиёт - шабакаи Ҳаққонӣ ва худи Абубакр буд. Маҳалле, ки мавриди ҳадафи дронҳо қарор гирифт, як маркази таҷаммӯи афроди шабакаи Ҳаққонӣ гуфта мешавад.