Вакилон мақоми пойтахти Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд

Порлумони Тоҷикистон рӯзи 18-уми октябр тарҳи беш аз даҳ қонунро баррасӣ хоҳад кард.

Хабарнигори Радиои Озодӣ, ки дар толори Маҷлиси Намояндагон – палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон – қарор дорад, гуфт, аз ҷумла ба баррасии вакилон тарҳи қонун “Дар бораи мақоми пойтахти Тоҷикистон” пешниҳод шудааст.

Инчунин, тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи сабтиноми молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқ ба он, тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи оби ошомиданӣ ва таъмини он”, тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон” ва ғайра пешниҳод гардидааст.