Бекмуҳаммад: Беҳбуди равобити Душанбеву Бишкек аз иродаи сиёсии Ҷеенбеков бастагӣ дорад

Қосими Бекмуҳаммад

Сооронбой Ҷеенбеков, нахуствазири собиқи Қирғизистон, бо иштирок дар интихоботи президентӣ раҳбари ин кишвар шуд. Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари масоили минтақавӣ, рӯзи 17-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо эҳтимоли зиёд муносибати Қирғизистон бо Тоҷикистон дар даврони Ҷеенбеков хубтар хоҳад шуд. Ӯгуфт, феълан, Қиғизистон дар вазъияте қарор дорад, ки беш аз ҳар вақт ба равобити хуб бо ҳамсояҳо ниёз дорад.

"Ҳоло равобити Қирғизистону Қазоқистон печида шудааст ва ба сурати табиӣ Бишкек алоқаманд нест, робитаҳои ҳассос бо ҳамсояҳои дигар дошта бошад. Мо шоҳиди беҳбуди равобит хоҳем шуд", - афзуд ӯ.

Сооронбей Ҷеенбеков зодаи ҷануби Қирғизистон аст ва солҳои пеш раҳбарии вилояти Ӯшро бар дӯш дошт. Аз ин рӯ, ба гуфтаи Қосими Бекмуҳаммад, "ӯ масоили ҳассоси водии Фарғонаро хуб дарк мекунад. Ҷеенбеков дар робита ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ба унвони ҳамсоя иқдоми амалитареро рӯи даст мегирад. То ҷое иттилоъ дорам, тоҷиктаборони Қирғизистон бо ҳамин интизор тақрибан ҳамагӣ аз номзадии Ҷеенбеков ҳимоят карданд."

Мушкили аслие, ки ҳоло миёни Тоҷикистону Қирғизистон вуҷуд дорад, баҳси марзӣ аст, ки ба гуфтаи Қосими Бекмуҳаммад ҳалли он аз иродаи сиёсии Ҷеенбеков вобаста аст. Ӯ гуфт, зоҳиран Душанбе барои ҳалли ин баҳс омода аст ва иқдоми Бишкек дар ин самт ҳалкунанда хоҳад буд. Ӯ аз таҷрибаи Алмосбек Отамбоев ёд кард, ки ин мушкилро бо Узбакистон тақрибан ҳал кард.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар як барқия рӯзи 17-уми октябр пирӯзии Сооронбой Ҷеенбековро дар интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон табрик кард. Дар матни барқия, ки дар вебсайти президенти Тоҷикистон нашр шуд, интихоби Ҷеенбеков ҳамчун эътибори баланди ӯ дар чашми мардуми Қирғизистон ситоиш шудааст. Президенти Тоҷикистон Ҷеенбековро "ҷонибдори собитқадами таҳкиму густариши минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қирғизистон" номидааст.

Интихоботи президентии Қирғизистон рӯзи 15-уми октябр баргузор шуд ва Сооронбой Ҷеенбеков бо 54 дар сади овозҳо барандаи ин интихобот эълон шуд. Дар миёни раҳбарони дигари минтақа дирӯз Ҷеенбековро бо пирӯзӣ дар интихобот президентони Русия ва Қазоқистон - Владимир Путин ва Нурсултон Назарбоев табрик карданд.