Трамп: муҳлати санҷиши дахолати Русия ба поён расид

Президенти ИМА Доналд Трамп мехоҳад, санҷиши дахолати эҳтимолии Русия ба интихоботи Амрико, ки аз тарафи комисияи конгресс ва додситони мустақил идома дорад, ҳар чи зудтар ба поён бирасад. Дар ин бора ӯ дар як нишасти хабарӣ рӯзи душанбе изҳори назар кард.

Ба гуфтаи Трамп, замони нуқта гузоштан ба санҷиши мазкур фаро расидааст, зеро амрикоиҳо "аз ин ҳама хаста” шудаанд. “Додситони хос Роберт Мюллер ҳеч гуна нишонаи созиши намояндагони ситоди интихоботии моро бо русҳо пайдо накард”, - афзуд Трамп.

Мюллер вазифадор аст муайян кунад, ки шахсони наздики Трамп дар давраи номзад ба мақоми президентӣ буданаш бо афроди наздики Кремл созише доштанд, ё не. Мақомоти иктишофии Амрико ба хулосае расиданд, ки Кремл бо мақсади дахолат ба интихоботи ИМА амалиёти кибериеро анҷом додааст. Мухолифони Трамп мегӯянд, эҳтимол аст, намояндагони ситоди интихоботии ӯ бо русҳо ҳамкорӣ карда бошанд.

Вале президент Трамп гуфт, демократҳо бохти худро дар интихоботи соли гузашта бо таҳқиқи дахолати Русия рӯйпӯш мекунанд. “Ҳамаи ин моҷаро бо Русия "худсафедкунӣ"-е беш нест. Ин ягона шарҳи бохти онҳо дар интихобот аст”, - изҳор дошт Трамп. Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки имкони барканории Мюллерро аз мақоми додситонии хос баррасӣ накардааст.