Шӯрои уламои Тоҷикистон қарор аст рӯзи 17-уми октябр изҳороти Албир Курганов, муфтии Маскавро баррасӣ кунад, муҳоҷирони тоҷикро дар пайравӣ аз ақидаҳои ифротӣ муттаҳам кардааст.
Афшин Муқимов, сухангӯи Кумитаи кор бо дин, танзими расму анъанаҳо 17-уми окятбар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Шӯрои уламо ҳамроҳ бо Кумитаи дин мавзӯи фиристодани гурӯҳе аз рӯҳониёнро ба Маскав низ баррасӣ мекунанд.
Албир Крганов, муфтии Маскав рӯзи 16-уми октябр дар як нишасти матбуотӣ гуфтааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба шиддат ба гурӯҳҳои ифротӣ мепайванданд.
Ӯ гуфт, дар ҳамкорӣ бо муфтиёти Узбакистон барои коҳиши ифротгароӣ миёни муҳоҷирон кор мебаранд, вале ҷониби Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷӯҳе нишон намедиҳад.
Пажӯҳишгарон ва бархе мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, дар аксари ҳолатҳо шаҳрвандони ин кишвар маҳз дар замони муҳоҷирати корӣ дар Русия ба ақидаҳои ифротии мазҳабӣ дода мешаванд ва шумори зиёди онҳое, ки барои ширкат дар ҷангҳои Ховари Миёна ҷалб шудаанд, баъди муҳоҷират ба Русия ба қаламравҳои Сурияву Ироқ рафтаанд.