БМ: "Афзоиши нархи барқ боиси таваррум хоҳад шуд"

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, боло рафтани нархи нерӯи барқ ва обрасонӣ боиси боло рафтани таваррум ва ё, инфлятсияи пул хоҳад шуд. Сар як аз 1-уми октябри соли равон бо қарори ҳукумат қимати як киловат\ соат нерӯи бар аз 14,65 то ба 16,85 дирам боло бурда шуд. Нархи як кубометр оби ошомиданӣ низ 10 дарсад гарон шуда, то ба 2 сомону 30 дирам дирам расид.

Дар ҳамин ҳол, Бонки миллӣ бо зикри он, ки нархи маҳсулоти асосии ғизоӣ дар Тоҷикистон арзон шуд, метавонад мизони таваррумро дар сатҳи 7 дарсад нигоҳ дорад. Бонки миллӣ бар пояи мониторинги нархҳо дар моҳи сентябр мегӯяд, аз миёни маҳсулоти ғизоӣ нархи картошка 6,5 дар сад, пиёз 16 дарсад, сабзӣ 11 ва бодирингу помидор 9 ва 7 дарсади арзон шудаанд. Дар ин баробар, Бонки миллӣ мегӯяд, нархи сӯзишворӣ то 15 дарсад боло рафт. Дар ин муддат ҳам қимати бензин ва ҳам гази моеъ, ки аз сӯзишвориҳои аслии нақлиёт дар Тоҷикистон аст, боло рафтааст.