Президенти Тоҷикистон Ҷеенбековро бо пирӯзӣ дар интихобот табрик кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як барқия рӯзи 17 октябр пирӯзии Сооронбой Ҷеенбековро дар интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон табрик кард. Дар матни барқия, ки дар вебсайти президенти Тоҷикистон нашр шуд, интихоби Ҷеенбеков ҳамчун эътибори баланди ӯ дар чашми мардуми Қирғизистон ситоиш шудааст. Президенти Тоҷикистон Ҷеенбековро "ҷонибдори собитқадами таҳкиму густариши минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қирғизистон" номидааст. Эмомалӣ Раҳмон ба тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар дар аҳди раҳбарии Ҷеенбеков изҳори умедворӣ кардааст.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон рӯзи 15 октябр баргузор шуд ва Ҷеенбеков бо 54 дар сади овозҳо барандаи ин интихобот эълон шуд. Дар миёни раҳбарони дигари минтақавӣ дирӯз Ҷеенбековро бо пирӯзӣ дар интихобот президентони Русия ва Қазоқистон - Владимир Путин ва Нурсултон Назарбоев табрик карданд.