Раъйдиҳӣ барои интихоби президенти нави Қирғизистон анҷом ёфт. Мақомоти Кумисюни марказии интихоботи Қирғизистон гуфтанд, ки бино ба ҳисобҳои пешакӣ Сооронбой Ҷеенбеков, нахуствазири собиқ, бо дарёфти тақрибан 55 дарсади раъйи сокинон (856,9 ҳазор) пешсаф аст. Омурбек Бабанов, номзади мустақил, бо 34 дарсади овозҳо (530,1 ҳазор) дар ҷойи дувум қарор дорад.
- Бино ба ҳисоби Кумисюни марказии интихобот, дар раъйдиҳии рӯзи якшанбе 1 миллиону 557 ҳазор нафар иштирок кардаанд. Барои пирӯзӣ дар даври аввал дарёфти панҷоҳ дарсади раъй кофист.
Замони раёсати Алмосбек Отамбоев, президенти кунунии Қирғизистон, моҳи декабр ба поён мерасад.
Нурҷон Шайлдабекова, раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон, шоми якшанбе гуфт, ҷараёни раъйдиҳӣ ором гузашт. Ӯ гуфт, ҳарчанд баъзе нақзи қонун сабт шуд, онҳо ба вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ҳеҷ таъсире надоштанд. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ки беш аз 700 нозири хориҷӣ ҷараёни интихоботро назорат карданд. Тоҷикистон ҳам барои назорат аз ҷараёни интихоботи кишвари ҳамсоя ду нафарро фиристода буд.
Дар маҷмуъ, 11 нафар, аз ҷумла як зан барои дарёфти курсии президентӣ дар Қирғизистон сабқат карданд. Нафари пирӯз дар қасри раёсати ҷумҳурӣ Алмосбек Отамбоевро иваз хоҳад кард, ки шаш сол боз раёсати кишварро бар ӯҳда дошт.
Аз Омурбек Бабанов, Темир Сариев ва Сооронбой Ҷеенбеков номзадҳои аслӣ ном бурда мешавад. Ҳарсеи ин нафар дар замони ҳукумати Алмосбек Отамбоев ба ҳайси нахуствазир кор кардаанд. Темир Сариев ҳангоми раъйдиҳӣ гуфт, ки баъд аз интихобот набояд кишвар ба ҳараҷу мараҷ рӯбарӯ шавад. Ӯ гуфт, “интихобот дар ҳамин рӯз поён ёбад.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сооронбой Ҷеенбеков, ки аз ҳимояти раиси ҷумҳур Отамбоев бархӯрдор аст, рӯзи 15-уми октябр дар яке аз қитъаҳои интихоботӣ дар Бишкек гуфт, “ман барои рушди кишвар ва барои ояндаи кившар раъй додам”.
Омурбек Бабанов, аз рақибони аслии Ҷеенбеков, гуфт, ки бовар дорад, президенти ояндаи Қирғизистон ӯ хоҳад буд. "Ҳамон тавре ки Шумо гуфтед, номи президенти оянда ин шом маълум хоҳад шуд. Худо хоҳад, ин Бабанов хоҳад буд”, - афзуд ӯ.
Рақобати Ҷеенбков ва Бабанов дар ҳафтаҳои охири пеш аз интихобот шиддат гирифт ва сабаби он ҳам мулоқоти Бабанов бо президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев буд. Президент Алмосбек Отамбоев ин мулоқотро ҳамчун мудохила ба умури дохилии Қирғизистон маҳкум кард ва баъд аз ин фаъолона пуштибонӣ аз номзадии Ҷеенбековро дар манотиқи кишвар ҳам идома дод.
Моҳи декабр замони раёсати Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури кунунии Қирғизистон ба поён мерасад. Раиси ҷумҳури нав бояд то 7-уми декабр савганд ёд кунад. Аммо ин кор танҳо замоне имконпазир хоҳад буд, ки номзад беш аз панҷоҳ дарсади раъйро соҳиб шавад. Дар ғайри сурат интихобот ба даври дувум кашонда мешавад.
Ҳоло ҳама чашмҳо ба сӯи Қирғизистон дӯхта шудааст - кишваре, ки бо дастовардҳои демократиаш дар миёни кишварҳои минтақа фарқ мекунад. Кишваре, ки шоҳиди ду инқилоб дар солҳои 2005 ва 2010 буд ва бо барканории Аскар Оқоев ва Курмонбек Боқиев анҷомид. Интихоботи рӯзи якшанбе нахустин маъракаи интиқоли осоиштаи қудрат дар ин кишвар аз соли 1991 аст.
Тасмими Алмосбек Отамбоев барои канор рафтан аз қудрат пас аз як давраи шашсолаи ҳукмронӣ, аз сӯи кишварҳои ғарбӣ ҳамчун нишонаи ислоҳоти демократӣ, истиқбол мешавад. Аммо иддао дар бораи фишор ба раъйдиҳандагон ва ҳамчунин гузоришҳо дар бораи онки Отамбоев пас аз рафтан аз қудрат мехоҳад аз пушти саҳна ҳукмронӣ кунад, нигарониҳоеро дар бораи ояндаи ислоҳоти демократӣ дар он кишвари маъруф ба “ҷазираи демократия” ба миён овардааст.