Отамбоев: Он замон ки ҳар кас чизе хост мекард, гузаштааст

Алмосбек Отамбоев

Алмосбек Отамбоев – раиси ҷумҳури Қирғизистон – гуфт, ки имрӯз мардум сарнавишти худро интихоб мекунанд ва бояд ба интихоби онҳо арҷ гузошта шавад. Ӯ рӯзи 15-уми октябр ҳамроҳи ҳамсараш Раиса Отамбоева дар яке аз нуқтаҳои раъйдиҳӣ дар Бишкек ҳозир шуд ва дар ин бора изҳори назар кард.

Отамбоев дар суҳбат бо хабарнигорон қазияи боздошти вакили собиқи порлумони Қирғизистон Қозибек Шоимбетовро дар рӯзи интихоботи президентӣ низ шарҳ дод. Шоимбетов барои тарҳрезии беназмӣ баъди интихобот муттаҳам аст.

Раиси ҷумҳури Қирғизистон гуфт, “як бори дигар такрор мекунам, ки боздошт кардем ва боздошт хоҳем кард. Он давроне, ки ҳар касе чизе хост мекард, гузаштааст. Ман ҳамон тавр, ки ваъда додам, баъзеҳоро боздошт намекунем, то ба ҷараёни интихобот халал ворид нашавад. Аммо то 1-уми декабр фурсати зиёде хоҳам дошт, то ба ин гуна одамон дарсе бидиҳам, ки ҳаргиз ҷашни одамонро вайрон накунанд. Рӯзи интихобот бояд ҷашн бошад. Барои ман ин рӯз ҷашн аст.”

Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон гуфт, барои боздошти баъзе афрод дар остонаи интихобот натанҳо сабти аудиоӣ ва видеоӣ, балки ҳуҷҷат ва баёнот доранд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 15-уми октябр аз қасди ташкили бетартибиҳо баъди интихобот ва ғасби ҳукумат хабар дод. Ба гумони тарҳрезии ин кор вакили собиқи порлумони Қирғизистон Қозибек Шоимбетов ва афроди дигар боздошт шудаанд.