Дар вилояти Воронежи Русия пулис зани 29-солаеро ҳамроҳи шавҳари 39-солааш боздошт кардааст, ки мехостанд, тифли навзоди худро бар ивази 30 ҳазор рубл фурӯшанд. Боздоштшудаҳо ҳангоми пурсуҷӯ гуфтаанд, ки бо ин пул билети бозгашт ба Узбакистонро мехариданд. "Харидорон"-и кӯдак, ки кормандони пулис буданд, 10 октябр дар кӯчаи Газова ба волидони тифл пулро дода, забонхат гирифтаанд. Дертар ин ду шаҳрванди Узбакистон боздошт шудаанд.
Раиси Шуъбаи тафтишотии вилояти Воронежи Русия Елена Мануковская рӯзи 13-уми октябр гуфт, шаҳрвандони Узбакистон "арзиш"-и фарзанди худро 30 ҳазор рубл муайян кардаанд. "Тифли навзод ба беморхона интиқол ёфта, зери муроқибати табибон қарор дорад. Интизор меравад, додгоҳ ҳукми ҳабси волидони ӯро содир кунад", - афзуд ӯ.
Бино ба иттилои муқаддамотӣ, шаҳрванди Узбакистон тифли худро 8-уми сентябри соли равон дар манзили иҷорае бидуни кумаки табибон таваллуд кардааст. Тифл ба далели онки волидонаш ақди никоҳи расмӣ надоштаанд, шаҳодатномаи таваллуд надорад.
Ҷуфти узбак ба воситаи шиносҳои худ барои тифлашон "харидор" ҷустуҷӯ кардаанд. Онҳо ҳангоми бозпурсӣ гуфтаанд, ки муҳлати будубошашон дар Русия ба поён мерасид ва маҷбур буданд, ки ба Узбакистон баргарданд. Аз ин рӯ, тасмим гирифтанд, тифли худро фурӯхта, билети бозгашт харанд.
Яке аз муфаттишон мегӯяд, шавҳари зан дар мавриди фарзанди ӯ будани тифл шак доштааст ва аз ин рӯ, занро маҷбур кардааст, кӯдакро фурӯшад. Дар робита ба ин ҳодиса бо моддаи "Қасди фурӯхтани одам" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.