Як оилаи канадаӣ-амрикоӣ пас аз озод шудан аз чанги шабакаи Ҳаққонӣ шаби гузашта ба Канада расид. Ин хонавода панҷ сол дар боздошти ин гуруҳи марбут ба Толибон буд.
Нафис Зикриё, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Покистон, рӯзи 13-уми октябр гуфт, нирӯҳои вижаи кишвараш бо кумаки маълумоти истихборотии Амрико Кейтлан Колман (амрикоӣ) ва шавҳараш Ҷошуа Бойл (канадаӣ)-ро дар ноҳияи қабиланишини Хуррами ҳаммарз бо Афғонистон озод карданд.
Онҳо соли 2012 дар як сафари пиёдаи туристиашон ба Афғонистон ба дасти гаравгонгирҳо афтоданд. Колман дар асорат се тифлро ба дунё овард.
Дар гузашта Ҷошуа Бойл бо хоҳари як зиндонии Гуантанамо издивоҷ карда буд, ки духтари як маблағгузори Ал-Қоида будааст. CNN мегӯяд, ки эҳтимол Бойл метарсад, ки дар ИМА мавриди бозпурсӣ қарор мегирад.