Отамбоев рақиби интихоботиро "як чоплус" номид

Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев рақиби аслии интихоботии номзади ҳизби ҳокимро «як чоплуси» кишвари хориҷӣ номид. Дар Қирғизистон рӯзи 15 октябр интихоботи раёсатҷумҳурӣ баргузор мешавад ва шиддати асабонияту таниш боло мегирад. Отамбоев аз ҳеҷ як нафар ё кишваре ном набурд, вале аксар шунавандаҳои суханронии рӯзи 13 октябри ӯ дар Ботканд дарк карданд, ки манзур Қазоқистон ва соҳибкор Омурбек Бабанов аст.

Отамбоев баъди пахши хабари мулоқоти президент Нурсултон Назарбоев дар Остона бо Омурбек Бабанов рӯзи 19 сентябр, Қазоқистонро дар мудохила ба интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон муттаҳам кард. Отамбоев дар муроҷиат ба сокинони Ботканд гуфт, ки Қазоқистон ҳоло талош дорад аз роҳи марзбандӣ ин кишварро тарс диҳад. Отамбоев инчунин бо ишора ба баста будани марз бо Қазоқистон дар ин рӯзҳои охир гуфт:

“Барои мардуме бо таърихи сеҳазорсола таҳрими серӯза ҳеҷ аҳамият надорад ва ҳеҷ гоҳ як чоплусро президент интихоб намекунад. Ҳар касе, ки ба сарзамини мо бо шамшер омадааст, дар хоки ин сарзамин сарашро гузоштааст”.

Худи Отамбоев, ки ҳақи ширкат дар интихоботро надорад, ҳамаҷониба талош мекунад, ки номзади мавриди назари ӯ нахуствазири собиқ Ҷеенбеков дар интихобот пирӯз шавад.