Қазоқистон ба интихоботи Қирғизистон нозир намефиристад

19 сентябр дар вебсайти президенти Қазоқистон мулоқоти Нурсултон Назарбоев бо Омурбек Бабанов нашр шуд

Комиссиюни интихоботии Қазоқистон гуфт, ки барои назорат аз интихоботи президентии Қирғизистон намояндаҳои худро ба кишвари ҳамсоя намефиристад. Комиссиюни марказии интихоботҳои Қазоқистон далели ин тасмимро ба иттиҳомоти cохтаи президент Алмосбек Отамбоев дар мудохила ба умури интихоботии Қирғизистон рабт додааст. Марат Сарсенбаев, як узви комиссиюн гуфт, ки даъватномаи ҷониби Қирғизистонро дарёфт карда, вале тасмим гирифтааст, ки аз сафар ба Бишкек худдорӣ кунад, то ки ин иқдом “чун мудохила ба умури Қирғизистон арзёбӣ нашавад”. Чанде баъд бо чунин як изҳорот раиси комиссиюн ҳам баромад кард. Вале айни замон, комиссиюни марказии интихоботҳои Қазоқистон гуфт, ки 46 мақоми қазоқ дар ҳайати нозирони кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ, САҲА ва Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабон аз ин интихобот назорат хоҳанд кард.

Рӯзи 7 октябр, дар остонаи интихобот президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев мақомоти Қазоқистонро дар кӯшиши мудохила ба ҷараёни интихоботи кишварашон муттаҳам карданд. Ин изҳорот баъди он садо дод, ки дар вебсайти президенти Қазоқистон мулоқоти номзади мухолифон Омурбек Бабанов бо Нурсултон Назарбоев пахш шуд. Отамбоев дар интихобот аз нахуствазири собиқаш Сооронбой Ҷеенбеков ҳимоят мекунад. Отамбоев инчунин Назарбоевро барои ҳифзи тӯлонимуддати қудрат айбдор кард ва бо номзадҳои интихоботии Қирғизистон муқоиса кард, ки калонсолтаринашон, ба гуфтааш, аз Назарбоев 16 сол ҷавонтар аст.