Амрико иддаои "сохтакорӣ" будани мубориза бо ДИИШ-ро рад кард

Пентагон изҳороти Кремлро, ки гуфт Амрико "вонамуд" мекунад, дар Ироқу Сурия зидди гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" мубориза мебарад, рад карда, онро "комилан нодуруст" номид. Ин изҳорот бори дигар аз афзоиши ташаннуҷ миёни Вашингтону Маскав хабар дод.

Дар изҳороти Вазорати дифои Русия, ки рӯзи 10-уми октябр нашр шуд, омадааст, “эътилофи ба раҳбарии Амрико моҳи сентябр дар Ироқ ҳамлаҳои ками ҳавоӣ анҷом додааст. Дар ҳоле ки нирӯҳои Сурия бо дастгирии ҳавоии Русия амалиёти бозпасгирии шаҳри Дайр-аз-Зорро оғоз карданд.”

“Ҳама мебинанд, эътилофи ба раҳбарии Амрико вонамуд дорад, ки бо гурӯҳи “Давлати исломӣ”, пеш аз ҳама дар Ироқ мубориза мебарад. Вале бо баъзе сабабҳо зоҳиран муборизаи фаъолро бо ҷангҷӯёни созмон дар Сурия идома медиҳад”, - гуфт сухангӯи Вазорати дифои Русия Игор Конашенков.

Пентагон гуфт, эътилофи ба раҳбарии Иёлоти Муттаҳида ҳамарӯза маълумот дар бораи шумори зарбаҳо ва натиҷаи онҳоро расонаӣ мекунад.