Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон бо пуштибонӣ аз тамомияти арзии Украина гуфт, ки пайвастани Қримро ба Русия эътироф намекунад. Ин нуктаро Эрдуғон рӯзи гузашта дар Украина баён дошт.
Эрдуғон дар посух ба суоле, ки Туркия омодааст дар ин замина Русияро таҳрим кунад, гуфт, "масъалаи Қрим нозук аст ва Анқара ҳоло талош дорад, ба тоторҳои нимҷазира, ки дар озодӣ нестанд, кумак кунад". Ба гуфтаи Эрдуғон, Туркия аз он кумаку дастгириҳое, ки Киев ба тоторҳои Қрим мекунад, "хеле розӣ" аст.
Мулоқоти Эрдуғон ва Порошенко дар Киев ҳудуди се соат идома ёфт. Раҳбарони Украинаву Туркия ҳамкориҳои ду кишварро дар бахшҳои ҷаҳонгардӣ, энергетика ва низомӣ баррасӣ карданд.
Баъди гуфтугӯ намояндагони ҳукуматҳои ду кишвар зери як қатор созишномаҳо имзо гузоштанд. Украина ва Туркия ният доранд, 5 соли оянда ҳаҷми табодули молро миёни худ то ба 10 миллиард доллари амрикоӣ расонанд.