Моҳи сентябри соли гузашта ҳакерҳои Кореия Шимолӣ сервери идораҳои низомии Кореяи Ҷанубиро шикаста, маълумоти сирриро дар ҳаҷми 325 гигабайт ба яғмо бурданд. Сеул натавонистааст 80 дар сади санадҳо дуздидашударо барқарор кунад. Дар ин бора як намояндаи мардумӣ аз ҳизби ҳокими Кореяи Ҷанубӣ рӯзи 10 октябр ба хабарнигорон гузориш дод.
Ба гуфтаи ин намоянда, то ҳол маълум шудааст, ки Пхенян дар бораи нерӯҳои вежаи Кореяи Ҷанубӣ, муассисаҳои низомӣ ва энергетикии кишвар маълумот дорад. Рахнагарон ҳамчунин тарҳи дақиқи барномаи Сеул ва Вашингтон, оиди зарба ба маконҳои ҳузури аъзои баландпояи ҳукумати Кореяи Шимолиро дарёфт карданд. Тарҳе, ки ба гуфтаи узви порлумони Кореяи Ҷанубӣ, раҳбари Кореяи Шимолиро сахт ба хашм овард. Баъди ин Ким Чен Ун тартиби рӯзашро дигар кард ва ҳоло бо мошинҳои мухталиф ҳаракат мекунад.
Чанде пеш ҳамчунин маълум шуд, ки барои фирор аз таҳримҳои байналмилалӣ Пхенян ба ҳакерҳо дастур додааст, ки биткоинҳои ҷамъшуда дар ҳисобҳои Кореяи Ҷанубиро бидузданд.
Талошҳои Пхенян барои афзоиши мушакҳо ва силоҳи ҳастаӣ ва таҳдидҳои президент Трамп алайҳи Пхенян, нигарониҳоро дар Кореия Ҷанубӣ то рафт бештар мекунад.