Эмомалӣ Раҳмон дар Сочи бо Владимир Путин мулоқот мекунад

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ, рӯзи 10-уми октябр ба шаҳри Сочӣ сафар кард. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири умури хориҷӣ, ёварони президент дар умури равобити байналмилӣ ва масоили кадрҳо ва ҳамчунин шахсони расмии дигар, ҳамроҳӣ мекунанд. Ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзҳои 10-11 октябр баргузор мешавад.

Дар Маскав Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия гуфт, ки дар Сочӣ қарор аст мулоқоти президентон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон низ баргузор шавад. Вай гуфт, дар ин мулоқот ду раҳбар роҷеъ ба масоили муҳими минтақавӣ сӯҳбат мекунанд. "Русия ва Тоҷикистон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу интегратсионии мисли СММ, САҲА, СНГ, СПАД ва СҲШ мавқеи муштарак ва ҳамоҳангшуда доранд", гуфт Ушаков.

Ушаков дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ки кӯмаки Русия ба Тоҷикистон дар солҳои 2008 то 2016 - 12 миллион долларро ташкил додааст ва соли 2017 Русия ният дорад ба хазинаи Созмони ҷаҳонии ғизои СММ боз 7 миллион доллар маблағ ихтисос диҳад. Ин созмон ба Тоҷикистон дар мубориза бо фақру бебизоатӣ кӯмак мекунад.