Вазорати умури дохилии Тоҷикистон садамаи пурқурбонӣ дар роҳи Кӯлоб-Норакро шарҳ дод ва гуфт, ки қурбониёни ин ҳодиса 4 донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошанд. Аз дафтари матбуоти ВКД рӯзи 10 октябр ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки ҳодиса нимашаби 9 октябр рух додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин соат автомашинаи тамғаи “РАФ-Чонвай” таҳти идораи Мирзонаим Наимови 22-сола бо худрави “Шакман”-и Иқболи Соҳибназари 26-сола бархӯрдааст. Дар Вазорати умури дохилӣ мегӯянд, дар натиҷаи ин ҳодиса Мирзонаим Наимов ҳамроҳ бо се донишҷӯи дигари Донишгоҳи миллӣ, Меҳроҷиддин Тоҳиров, Тоҷиддин Муродов ва Комрон Давлатов ба ҳалокат расидаанд.
Дар ин ҳодиса ҳамчунин донишҷӯи дигари Донишгоҳи миллӣ Абдулфайёз Толибов ҷароҳат бардоштааст, Масъулини Вазорати умури дохилӣ мегӯянд, таҳқиқи ҳодиса идома дошта, омилҳои сар задани он муайян карда мешаванд. Наздикони ин афрод қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта будан, ки ин ҷавонон аз тӯи яке аз наздиконашон аз Муъминобод ба Душанбе бармегаштанд.
Ҳар сол дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна якуним ҳазор садамаи нақлиётӣ рух дода, садҳо нафар ба ҳалокат мерасад. Ахиран бар асари як садама дар вилояти Бадахшон, 10 нафар ба ҳалокат расиданд.