Раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев сафараш ба Русияро, ки ҷиҳати иштирок дар нишасти раҳбарони кишварҳои узви ҷомеъаи ҳамсуд анҷом мешуд лағв кард ва гуфт, ки аз эҳтимоли бурузи шӯришу хушунат дар ҷараёни интихоботи президентӣ нигаронӣ вуҷуд дорад.
Дафтари матбуоти Отамбоев рӯзи 9 октябр гуфт, ки ба ҷойи президент ҳайъате таҳти раҳбарии нахуствазир Сапар Исоқов ба Сочӣ меравад ва худи раиси ҷумҳур дар Бишкек мемонад.
"Бо назардошти далелҳо, ки сиёсатмадорони мушаххас бо истифода аз унсурҳои ҷиноӣ ва кӯмаки молии хориҷӣ ба ин номзадҳо барномаи бетартибии оммавӣ дар рӯзи интихоботро пайгирӣ мекунанд, президент аз ин сафари корӣ даст кашид, то амният ва тартиботро шахсан таъмин кунад,"- омадааст дар баёнияи дафтари президент.
Ин изҳорот дар ҳоле пахш шуд, ки рӯзи гузашта Отамбоев кишвари ҳамсояи Қазоқистонро ба дахолат дар умури интихоботи Қирғизистон ва пуштибонӣ аз номзадиии Омурбек Бабанов муттаҳам кард. Отамбоев ба Назарбоеви солманд таъна зад, ки солҳо боз зимоми қудратро сар намедиҳад.