Додгоҳи Босния ва Ҳерсоговина рӯзи 9 октябр фармондеҳи нерӯҳои мусалмонони Сребренитса Носир Оричро, ки ба ҷиноёти ҷангии солҳои 90-ум дар Босния муттаҳам мешуд, бегуноҳ эълон кард. Додгоҳ ҳамчунин иштирокдори дигари даргириҳо Сабоҳуддин Мухичро сафед кард.
Хешовандони қурбониҳои серб ба нишони эътироз алайҳи ин қарор толори додгоҳро тарк карданд. Аксари босниягиҳо Оричро барои ҳимояташ аз мусалмонҳо ҳангоми ҷанги Босния дар солҳои 1992-1995 қаҳрамон мешуморанд. Дар ин ҷанг беш аз 100 ҳазор инсон қурбон шуд.
Сребренитса соли 1995 суқут кард. Дар ҳодисаҳои он солҳо беш аз 8 ҳазор мусалмон, асосан мардону писарҳо кушта шуданд.
Додгоҳи байналмилалии Ҳейг (Гаага) аз рӯи Югославияи собиқ, Носир Оричро соли 2006 барои нокомӣ дар баробари ҷилавгирӣ аз рафтори ғайриинсонӣ ба асирони серб, ба ду соли зиндон маҳкум кард. Аммо ӯ дафъатан озод шуд, зеро то он вақт муҳлати зиндонро адо карда буд.