Ҳушдори фармондеҳи сипоҳи посдорони Эрон ба Вашингтон

Муҳаммад Алӣ Ҷаъфарӣ

Фармондеҳи сипоҳи посдорони инқилоби Эрон гуфтааст, ки агар Вашингтон алайҳи Теҳрон таҳримҳои тоза ҷорӣ кунад, нирӯҳои низомии Амрико дар Ховари Миёна бо хатари ҳамлаи мушакӣ ё ракетии Эрон рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Дар ин бора хабаргузории расмии ИРНА рӯзи 8-уми октябр ба нақл аз генерал Муҳаммад Алӣ Ҷаъфарӣ хабар дод.

Дар ҳоли ҳозир пойгоҳҳои артиши Амрико дар кишварҳои ҳамсояи Эрон дар 800-километрии марзи ин кишвар ҷойгир шудаанд.

Ҷаъфарӣ ҳамчунон гуфтааст, ки агар Иёлоти Муттаҳида сипоҳи посдоронро як гурӯҳи террористӣ бихонад, онҳо низ нирӯҳои Амрикоро ҳамчун як гурӯҳи террористӣ дар назар хоҳанд гирифт.