Эътирози садҳо нафар алайҳи фасоди идорӣ дар Озарбойҷон

Садҳо мухолифи ҳукумати Озарбойҷон дар эътироз алайҳи фасоди идорӣ дар шаҳри Боку, пойтахти ин кишвар, иштирок карданд. Эътироз рӯзи 7-уми октябр аз тарафи ниҳоди Шӯрои миллии нирӯҳои демократӣ ташкил шуда буд.

Пулиси шаҳри Боку дар баёнияе гуфт, ки тақрибан 1 ҳазору 200 нафар дар роҳпаймоӣ иштирок карданд.

Эътирозгарон “поёни фасоди идорӣ” ва “озодӣ барои зиндониёни сиёсӣ”-ро талаб карда, аз ҳукуматҳои ғарбӣ хостанд, ки барои муқобила бо мақомҳои Озарбойҷон кори бештаре кунанд.

Моҳи гузашта Маркази таҳқиқи фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта ё OCCRP эълон кард, ки мақомоти Озарбойҷон дар солҳои 2012-2014 ҳудуди 3 миллиард долларро тавассути ширкатҳои тақаллубӣ шустанд.

Ин созмон гуфт, ин маблағҳо баъдан барои харидани "ашёи гаронбаҳо" ва ришва ба сиёсатмадорони Аврупо сарф шудааст, то ки аз манфиатҳои Озарбойҷон дар Иттиҳоди Аврупо пуштибонӣ ва аз қатъномаҳои маҳкумкунанда барои нақзи ҳуқуқи инсон пешгирӣ кунанд.