Аъзам Турғунов пас аз ҳафт соли зиндон озод шуд

Аъзам Турғунов

Аъзам Турғунов – раҳбари созмони сабтиномнашудаи Мазлум ва яке аз фаъолони ҳизби мухолифи Эрк дар Узбакистон – аз боздошт раҳо гардид. Ӯ соли 2008 бо ҷурми қаллобӣ ба даҳ соли ҳабс маҳкум шуда буд.

Дар бораи раҳоии Аъзам Турғунов рӯзи 7-уми октябр Надежда Атаева, раҳбари созмони “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ”, қароргоҳаш дар Порис, хабар дод. Ӯ дар саҳифаи худ дар Фейсбук навишт, ки “дӯстон, Аъзам Турғунов озод шуд ва ин хеле хуб аст.”

Дертар дар Фейсбук видеои Абдураҳмон Ташанов, фаъоли созмони ҳомии ҳуқуқи инсони Эзгулик дар Тошканд нашр шуд, ки дар он ҳамроҳи Аъзам Турғунов тасвир ёфтааст.

Тайи як ҳафтаи ахир дар Узбакистон се зиндонии сиёсӣ аз боздошт раҳо шуданд. Ин ҳафта журналист Солиҷон Абдураҳмонов ва вакили дифоъ Аъзам Фармонов низ аз паси панҷара берун омаданд. Ҳомиёни ҳуқуқи маҳаллӣ ва байналмилалӣ мегӯянд, ки ин се нафар бо иттиҳомоти сохта ба муддатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуда буданд.