Мақомоти интизомии вилояти Бадахшон Наврӯз Ниятбеков, сокини шаҳри Хоруғро, ки шаби 5-уми октябр бо тапонча хушдомани бародарашро кушта ва ҳамсару писари ӯро маҷрӯҳ кард, боздошт карданд.
Як манбаъ аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Бадахшон рӯзи 6-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Некрӯз дар деҳаи Возми ноҳияи Шуғнон ба сӯи наздикони бародараш тир холӣ карда, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Ӯро субҳи имрӯз, 6-уми октябр, дар як хонае дар Хоруғ боздошт карданд.
“Ҳангоми тирпарронӣ хушдомани бародараш дар ҷои ҳодиса ҳалок шуда, писар ва ҳамсари бародараш дар бемористон бо ҷароҳатҳои вазнин бистарианд”- гуфт, ҳамсӯҳбати мо.
Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, Некрӯз бо ҳамсари бародараш дар додгоҳ баҳси манзил доштанд. Ин баҳс пас аз даргузашти Далер Ниятбеков, бародари Некрӯз сар задааст. Додгоҳ баҳсро ба манфиати ҳамсари бародараш ҳал кардааст ва Некрӯз ба хашм омада, даст ба чунин амал задааст.
Дар як ҳафтаи ахир бори сеюм аст, ки дар пайи баҳсҳои хонаводагӣ сокинон кушта мешаванд. Рӯзи дуюми октябр Маҷид Бердиев, сокини шаҳри Истаравшан, Нигора Қулиева, ҳамсари собиқашро бо 19 зарби корд ба қатл расонд. Шаби 4 ба 5-уми октябр низ Абдураҳмон Бадиев, як сокини 71 солаи ноҳияи Бохтар ҳамсари 45 сола ва духтари 16 солаашро захмӣ карда, бо роҳи худовезӣ худкушӣ кард.